• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.10.2020 18:49

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо шаҳодати он қадрдонӣ ва эҳтироми олие мебошад, ки мардуми Тоҷикистон нисбати Шумо доранд. Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар муқобили хатару таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ба роҳи рушду шукуфоӣ гузашт.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ бархурдоранд, ки дар воқеиятҳои имрӯза боз ҳам мустаҳкамтар шудаанд. Боварӣ дорам, ки мо минбаъд низ муносибатҳои ҳамкориамонро дар асоси дуҷониба ва дар доираи ҳамоишҳои гуногуни минтақавӣ ва бисёрҷониба амиқтар ва мустаҳкам хоҳем кард.

Иҷозат диҳед аз фурсат истифода бурда, ба шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар талошҳоятон ҷиҳати таъмини некӯаҳволӣ ва шукуфоии миллати тоҷик ва мардуми он комёбиҳо орзу намоям”.

Барқияҳои шодбошӣ аз Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ворид гардидаанд. Дар барқияи шодбошии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, аз ҷумла, зикр шудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Шуморо бо пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.

Натиҷаҳои интихобот бори дигар нуфузу эътибори баланди сиёсии Шуморо тасдиқ карда, аз ҷониби тамоми мардум тарафдорӣ намудани роҳи интихобкардаи Шуморо, ки ба рушди кишвар ва баланд бардоштани нақши он дар равандҳои ҷаҳонӣ нигаронда шудааст, нишон доданд.

Мехоҳам омодагии ин ҷонибро барои фаъолияти муштараки минбаъда ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманди миёни Арманистон ва Тоҷикистон, ки пурра аз манфиатҳои мардумони мо маншаъ мегирад, таъкид намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо дар татбиқи нақшаҳоятон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Боиси шодиву фараҳи бепоён аст, ки унвонии Шумо Ҷаноби Олӣ, табрикоти гарму самимиамро, барои аз нав интихоб гардидинатон ба маснади олӣ, яъне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда дар даври нав ба Шумо муваффақиятҳои комил таманно намоям.

Аминам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо минбаъд низ дар роҳи рушд ва шукуфоӣ пеш хоҳад рафт. Ду кишвари моро риштаҳои қавии дустӣ ва таъриху фарҳанги ҳамшабеҳ ба ҳам пайванданд ва мо сидқан хоҳони боз ҳам амиқтар ва васеъ гардонидани миқёси ҳамшарикиамон ба манфиати ҳарду кишвар ва мардумонамон ҳастем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, мехоҳам таманниёти беҳтаринамро ҷиҳати саломатии бардавом ва хушбахтии Шумо Ҷаноби Олӣ ва пешрафту шукуфоии мардуми ба мо бародари Тоҷикистон, иброз намоям.

Лутфан Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олӣ ва хоссаи маро бипазиред”.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

http://president.tj/node/24310

 
free pokerfree poker

 


 

Полная имя: Таджикский государственный педагогический Университет

имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj