• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ШАНБЕГИИ  ДОНИШГОҲ БАҲРИ ОБОДОНИИ ДОНИШГОҲ

71.JPG - 371.57 KbСубҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Шанбегии мазкур таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ ва ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода сурат гирифт. Дар ин шанбегӣ, тамоми кӯчаҳои гирду атрофи донишгоҳ аз партовҳо ва хазонрезаҳо тозаву озода гардонида шуд. Шанбегӣ аз қисмати поёнии донишгоҳ то назди хобгоҳҳои №2 ва №3 идома дошта, донишҷӯён бехи дарахтонро нарм намуда, ба гулу буттаҳо об дода, рӯбучин намуданд. Ин шанбегӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  сазовори  баҳои баланд дониста шуд, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ ба раёсати ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани шанбегии мазкур миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро расонид.

 

 

 

69.JPG - 265.86 Kb 67.JPG - 282.08 Kb 68.JPG - 312.43 Kb

70.JPG - 247.26 Kb 71.JPG - 371.57 Kb 72.JPG - 267.92 Kb

73.JPG - 313.58 Kb 74.JPG - 314.19 Kb 75.JPG - 290.02 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj