• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ТАНТАНАИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ

13.JPG - 309.79 KbИмрӯз дар майдончаи варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Ҷашни Меҳргон бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода бо аъзоёни ҳакамон аз намоиши маҳсулотҳои омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ дидан намуданд. Ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода  зимни суханронӣ тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ин иди миллӣ табрику таҳният хонданд. Ҳамчунин ба дастархони омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ баҳои баланд дода, миннатдории раёсати ДДОТ ба номи С.Айниро ба онҳо расониданд. Дар идомаи чорабинӣ якчанд нафар омӯзгорони фаъоли донишгоҳ бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои раёсатидонишгоҳ низ қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, барномаи консертии ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардонид. Дар фарҷоми чорабинӣ ба тамоми садорати факултетҳо  ҷиҳати омодагиву иштирок дар ин ҷашни умумимиллӣ сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуда, риштаи сухан ба раиси ҳакамон Ғуломова Маҳина дода шуд. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки тамоми факултетҳои донишгоҳ дар баргузории ин иди ниёгонамон бо як санъати баланди дастархонороии миллӣ омодагӣ доштанд, вале тибқи суннатҳои мардумӣ ҷойҳои ифтихорӣ муайян карда шуда, ба онҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Тибқи натиҷаи комиссия ҷойи сеюм бо ба даст овардани 8 хол насиби факултетҳои  таъриху таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, ҷойи дуюм бо  ба даст овардани 8,5 хол насиби факултетҳои химия ва филологияи тоҷик ва ҷойи аввал бошад, бо ба даст овардани 9 хол  насиби факултети биология гардид.

 

 

5.JPG - 322.12 Kb 4.JPG - 302.41 Kb 6.JPG - 326.88 Kb 7.JPG - 334.78 Kb 8.JPG - 334.23 Kb 9.JPG - 316.42 Kb 10.JPG - 316.29 Kb 11.JPG - 316.59 Kb 12.JPG - 324.57 Kb 13.JPG - 309.79 Kb 14.JPG - 265.54 Kb 16.JPG - 308.13 Kb 17.JPG - 310.31 Kb 18.JPG - 318.28 Kb 19.JPG - 315.78 Kb 20.JPG - 328.29 Kb 21.JPG - 306.50 Kb 22.JPG - 320.25 Kb 23.JPG - 320.85 Kb 24.JPG - 284.82 Kb 25.JPG - 319.58 Kb 26.JPG - 312.41 Kb 27.JPG - 315.72 Kb 28.JPG - 299.48 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj