• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

“АНВОРИ ДОНИШ” ФАРОГИРИ ПАЖӮҲИШҲОИ ПУРАРЗИШ

76.jpg - 47.14 Kb“Анвори дониш” – чунин ном дорад маҷмӯаи илмии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Мақолаҳои олимон Нӯъмонҷон Ғаффорӣ “Тасвири образи модар дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ”, Саидмуроди Хоҷазод ва Абдурашид Ализода “Тасвири рӯҳи замон, аҳволи мардуми ҳунарвар ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар “Шаҳрошӯб”- и Сайидои Насафӣ”, Восиева Рухшона ва Тоҷиева Фурӯғ “Образи занони мубориз дар романи паҳлавонии “Доробнома”- и Абӯтоҳири Тарсусӣ”, Нуралӣ Нуров ва Хусрав Зокиров “Пешвои миллат ва шинохти ҷаҳони ботинии инсон дар афкори Мавлоно”, Валиев Ҷамшед “Забони адабӣ ва рисолати давлатии он”, Равшани Ҳамроҳ “Тафсири даҳ ғазали шайх Камоли Хуҷандӣ” ва ғ. дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносиро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд.

Баррасӣ ва пажӯҳиши масъалаҳои умдаи соҳаҳои мазкур бо дидгоҳи тоза ва назардошти рӯҳи замон меҳвари аслии мақолаҳои маҷмӯаро ташкил медиҳад. Он зери назари ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ мунташир гардида, барои пажӯҳишгарони соҳа, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯён, ҳаводорони забон ва адабиёт  ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Маҷмӯа дар се моҳ як маротиба нашр хоҳад шуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj