• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ШАНБЕГӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

ИДОМА ДОРАД

114.jpg - 263.03 Kb

Имрӯз, якшанбе, санаи 25.10.2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумидонишгоҳӣ ҳамчун идомаи рӯзи гузашта (24.10.2020) ҷиҳати тозакориҳо дар саҳни донишгоҳ ва атрофи он бо иштироки устодону кормандон барои иҷрои нақшачорабиниҳои доимамалкунанда бо мақсади “Тоза нигоҳ доштани муҳити атроф” баргузор гардид. Дар шанбегӣ масъулини ҳамаи сохторҳои донишгоҳ, аз он ҷумла садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо, устодону донишҷӯён дастаҷамъона даст ба тозакорӣ задаву роҳравҳо, майдону боғи паси биноҳоро аз хасу хазонрезаҳо тоза намуданд. Ҳамчунин, қисми зиёди ҳайати омӯзгорону  кормандони дигари донишгоҳ аз утоқи кории худ сар карда, то роҳрави факултетҳо, даромадгоҳу баромадгоҳи биноҳои таълимӣ, лабораторияҳо, толорҳои электрониву китобхона ва саҳни донишгоҳро поккориву тозаву озода гардониданд. Раёсати донишгоҳ таҳи чанд соли охир барои ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани саҳни биноҳои таълимӣ ва роҳравҳои дохилу беруни донишгоҳ ҳамеша тадбирҳои зиёди судманд меандешад ва гулу гулкорӣ намудан, нарм сохтан низ аз мақсаду маромҳои доимии ҳайати кормандони донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тасмим дорад, ки барои ободониву гулгулшукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе саҳмгузор бошем. Шанбегӣ дар донишгоҳ ҳанӯз идома дорад.


Суратгузориш аз рафти баргузории он:

95.JPG - 270.11 Kb 96.JPG - 274.66 Kb 97.JPG - 263.81 Kb 98.JPG - 243.33 Kb

99.JPG - 233.71 Kb 100.JPG - 252.97 Kb 101.JPG - 274.80 Kb 102.JPG - 190.57 Kb

103.JPG - 307.80 Kb 104.JPG - 244.18 Kb 105.JPG - 261.20 Kb 116.jpg - 149.26 Kb

110.jpg - 233.77 Kb 111.jpg - 260.07 Kb 112.jpg - 270.13 Kb 115.jpg - 196.11 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj