• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

МАҲФИЛИ "КИШВАРШИНОС"

 

121.jpg - 435.50 Kb28-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни факултет ва меҳмонон аз Корея Ҷонг Ҳоил ва Ли Ҷонг Сук маҳфили "КИШВАРШИНОС" баргузор гардид.

Сараввал, омӯзгори кафедраи мазкур Шодмонова Дилхоҳ маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин маҳфилро барои афзун намудани маҳорату малакаи забондонии донишҷӯён хуб арзёбӣ кард. Сипас, донишҷӯёни курси 4 уми гурӯҳҳои 402 ва 403, ихтисосҳои англисӣ-хитоӣ, ва англисӣ-кореягӣ, бо забонҳои хитоӣ, кореягӣ, англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ дар мавзӯъҳои «Books in our life» ва «Mass media and holidays of the Korea» бо маърӯзаҳои хеш баромад карданд.

Дар идома, барои ҷолиб гузаштани маҳфил миёни омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба мавзуъҳои матраҳшуда, саволу ҷавоб гузаронида шуд.

Дар ҷамъбасти маҳфил мудири кафедра Ёлбарс Бекчаев ва меҳмонони кореягӣ ба ҳунару маҳорати забондонии донишҷӯён баҳои баланд доданд.

 

118.jpg - 351.03 Kb 119.jpg - 346.33 Kb 122.jpg - 313.98 Kb 120.jpg - 439.06 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj