• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Конференсияи бошукӯҳи донишҷӯён

Дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси факултаи филологияи тоҷик таҳти роҳбарии раиси Шӯрои занони факулта Раъно Бобокалонова бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ибтидои ҷамъомад Суруди Миллии ҶТ бо садои баланд аз ҷониби аҳли нишаст садо дод.

Сипас, ду нафар донишҷӯи курси дуюм-Шукрона Носирова ва Субҳон Шарифов ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, таҷлили ин санаи таърихиро ҳатмӣ ва ифтихор арзёбӣ карданд.

 

Дар идомаи конференсия донишҷӯи курси дуюм Раҷабгули Раҳматулло бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуд. Ӯ доир ба марҳалаҳои қабули Конститутсия ва паҳлӯҳои дигари он маълумоти муфид ироа кард. Баъдан, қироати шеърҳо дар васфи Ватан аз ҷониби донишҷуён сурат гирифт.

Дар идомаи конференсия донишҷӯён оид ба ҳар як боби Конститутсия шарҳи мухтасар доданд. Рақси зебои донишҷӯдухтарон табъи аҳли нишастро болида сохт.

Конференсияро декани факултаи филологияи тоҷик Боймурод Шарифов ҷамъбаст намуда, ба истеъдоду лаёқати толибилмон аҳсант гуфт ва ба фаъолияти пурсамари онҳо дар конференсия баҳои баланд дод.

Фарзод Паҳлавонов, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj