• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

САЙРИ МАЪНӢ

129.JPG - 237.94 Kb29 -уми октиябри соли 2020 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти то мактабӣ ва ибтидоӣ, зери роҳбарии мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ–бадеӣ, дотсент Темур Ҳафизов бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ, дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии адабӣ–фарҳангӣ таҳти унвони “Сайри маънӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода, муовинони ректор, устодону кормандони донишгоҳ, инчунин ҳунармандони шинохтаи кишвар, овозхони маъруф Файзалӣ Ҳасан, н.и.т, дотсент, фарҳангшинос ва сармуҳаррири барномаҳои радиои "Фарҳанг" Ҷонибеки Асрориён, профессор Аламхон Кучаров ва донишҷӯёни факултети мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Н.У. оғоз намуда, афзуд, ки шоир Камоли Хуҷандӣ,яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷик ва муаррифгари фарҳанги пурғановати халқамон мебошад, ки эҷодиёташ абадан вирди забони мардум буд ва хоҳад монд. Чуноне, ки худи Камол гуфтааст:

 

Оламе рӯй намуданд ба ашъори Камол,

Ки хаёлоти латиф аст дар оби суханаш.

Дар идомаи чорабинӣ овозхони маъруфи кишвар Файзалӣ Ҳасан бо садои зебову дилнавози хеш чанд суруде аз осори Камоли Хуҷандӣ пешкаши ҳозирин намуда, қайд кард, ки ман аз он ифтихор дорам, ки хатмкардаи ҳамин донишгоҳи муқаддас мебошам.

Сипас, аз ҷониби устодону донишҷӯёни факултети мазкур рақсу мусиқиҳои дилнишин ва сурудҳои зебо аз осори шайх Камоли Хуҷандӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи раёсати донишгоҳ ба ҳамаи меҳмонон тӯҳфаҳои хотирмон ва ба донишҷӯёне, ки дар озмуни “Камолхонӣ”, ғолибият ба даст оварда буданд, бо ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз гардиданд.

 

 

123.JPG - 173.39 Kb 124.JPG - 214.19 Kb 125.JPG - 214.51 Kb 126.JPG - 288.18 Kb

127.JPG - 201.11 Kb 128.JPG - 297.21 Kb 129.JPG - 237.94 Kb 13.JPG - 240.18 Kb

130.JPG - 249.77 Kb 131.JPG - 234.11 Kb 132.JPG - 230.53 Kb 133.JPG - 175.38 Kb

134.JPG - 229.96 Kb 136.JPG - 267.08 Kb 137.JPG - 207.68 Kb 138.JPG - 237.55 Kb 139.JPG - 173.50 Kb 141.JPG - 202.62 Kb 142.JPG - 188.96 Kb 143.JPG - 203.54 Kb 144.JPG - 226.67 Kb 145.JPG - 224.36 Kb 146.JPG - 205.95 Kb 147.JPG - 205.62 Kb 148.JPG - 234.00 Kb 149.JPG - 230.15 Kb 150.JPG - 216.28 Kb 151.JPG - 188.20 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj