• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

“САД БАРГИ ҒАЗАЛ”-и КАМОЛ

174.jpg - 258.41 KbРӯзи 02.11.2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқ ва кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикситон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар бахшида, ба 700 - солагии шоири ширинкаломи тоҷик Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Сад барги ғазал-и Камол” доир гардид. Дар чорабинӣ, донишҷӯёни соли 2-юм ва 3 – юми факултет баромад намуда, зикр карданд, ки асоси эҷодиёти ин шоири ширинсуханро ғазал ташкил дода, мавзӯҳои ғазалиёти ӯро инсондӯстиву раҳму шафқат, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ишқи пок дар бар мегирад.

Дар идомаи чорабинӣ асиссентон Фарзона Раҳмонова ва Дилафрӯз Исматуллоева иброз доштанд, ки вазифаи мо омӯзгорон аст, ки донишҷӯёну ҷавононро дар асоси ашъори ватандӯстона ва инсонпарваронаи шоири шинохтаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ таълиму тарбия намуда, ворисони асилу пайравони воқеии онҳо ба воя расонем. Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо низ арҷгузорӣ намудан ба ашъори Камоли Хуҷандӣ ва эҳтироми бузургони миллати тоҷик маънидод гардид.

Дар ҷамъбасти маҳфил гурӯҳи донишҷӯён аз ашъори Камоли Хуҷандӣ ғазалхонӣ намуданд.


Фарзона Раҳмонова

 

 

169.jpg - 267.25 Kb 170.jpg - 400.72 Kb 171.jpg - 317.12 Kb

172.jpg - 226.80 Kb 173.jpg - 360.22 Kb 175.jpg - 288.84 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj