• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

179.JPG - 113.30 KbРӯзи 3.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ - фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳамаи ҳозиринро ба ин рӯзи хуҷаста табрик намуд. Сарвари донишгоҳ дар идомаи суханронии хеш афзуд, ки бо шарофати қабули ин санаи муҳими тақдирсоз чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ Фаридун Давлатзода дотсенти кафедраи ҳуқуқи донишгоҳ дар маърӯзаи хеш доир ба қабули аввалин Конститутсия, ки 6 уми ноябри соли 1994 аст, сухан ронда, афзуд, ки дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд мебошад. Чуноне, ки қайд кардаанд: “Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”.

Сипас, бо фармоиши ректори донишгоҳ бахшида ба 6-уми ноябр, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасманд гардонидани кормандон ва барои фаъолияти назаррасу бенуқсон дар раванди таълиму тарбия, барои бо муваффақият ҳимоя кардани рисолаҳои илмии номзадӣ, докторӣ ва тасдиқ гардидани онҳо бо қарорҳои Комиссияи Олии Аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ бо маблағҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар ҷамъбаст, аз тарафи дастаи ҳунарии “Чеҳранамо” – и донишгоҳ барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу сурудҳои зебои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардид.

176.JPG - 214.53 Kb 177.JPG - 148.19 Kb 178.JPG - 203.78 Kb 179.JPG - 113.30 Kb 180.JPG - 112.28 Kb 181.JPG - 176.70 Kb 182.JPG - 164.13 Kb 183.JPG - 182.89 Kb 184.JPG - 159.32 Kb 185.JPG - 191.79 Kb 186.JPG - 194.06 Kb 187.JPG - 169.77 Kb 188.JPG - 216.06 Kb 189.JPG - 186.42 Kb 190.JPG - 165.87 Kb 191.JPG - 167.27 Kb 192.JPG - 165.99 Kb 193.JPG - 148.99 Kb 194.JPG - 191.08 Kb 195.JPG - 175.92 Kb 196.JPG - 182.25 Kb 197.JPG - 204.26 Kb 198.JPG - 184.90 Kb 199.JPG - 141.71 Kb 201.JPG - 156.58 Kb 202.JPG - 155.97 Kb 203.JPG - 161.91 Kb 204.JPG - 191.15 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj