• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

5.JPG - 143.20 Kb5-уми ноябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ профессор Саидмуроди Хоҷазод ба ифтихори 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ таҳти унвони «Бахтномаи миллат» баргузор гардид. Саидмуроди Хоҷазод чорабиниро оғоз намуда, афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ваягона мебошад, ки 6-уми ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар асоси изҳори иродаи бевоситаи халқи Тоҷикистон бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Дар идома, ассистентони кафедра Ҳанифаи Муҳаммадохир ва Хусрав Зокиров оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз ва нақши он дар таҳкими қокуният дар даврони истиқлол ибрози андеша карданд. Дар идома таъкид шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки ин зарурияти раванди таърих буд.

Дар хотима донишҷўёни соли аввали факултетҳои технология ва иқтисодиёт дар васфи Конститутсия ва муқаддасоти миллӣ пораҳои шеърӣ қироат карда, шаҳомати ин чорабиниро афзун намуданд.

 

 

 

6.JPG - 191.43 Kb 1.JPG - 154.09 Kb 2.JPG - 115.29 Kb 3.JPG - 183.72 Kb 5.JPG - 143.20 Kb 4.JPG - 159.74 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj