• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.


ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”

11.JPG - 134.93 KbРӯзи 5.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Расулзода Насимҷон - раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, Ҳомидзода Насимҷон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҷабзода Эраҷ - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қувватзода Сайдулло Зувайд - муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Раҷабов Дилшод Амиралиевич - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва инчунин аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд. Нахуст ҳисоботи муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Қувватзода Сайдулло Зувайд шунида шуд. Тибқи банди 2-юми ҷаласа Қувватзода Сайдулло Зувайд аз вазифаи муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва Раҷабов Дилшод Амиралиевич аз вазифаи котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” бинобар ба вазифаи дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд. Дар идома тариқи овоздиҳии кушод Раҷабов Дилшод Амиралиевич ба вазифаи муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва Каримов Давлатшоҳ Раҳматшоевич ба вазифаи котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” интихоб гардиданд. Дар охири ҷаласа ба як қатор фаъолони ҳизб аз ҷумла ба муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов С. А. ва дигарон ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ тақдим карда шуда, ба як қатор донишҷӯёну омӯзгорон дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд. Дар баробари ин ба хотири ҳамкориҳои судманд ба Расулзода Насимҷон-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ, Қувватзода Сайдулло Зувайд- сардори раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд нафар кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ифтихорномаҳои раёсати ДДОТ ба номи С.Айнӣ супорида шуд.

 

 

 

10.JPG - 139.56 Kb 8.JPG - 202.17 Kb 12.JPG - 210.51 Kb 14.JPG - 108.71 Kb

15.JPG - 132.39 Kb 9.JPG - 198.50 Kb 16.JPG - 164.72 Kb 17.JPG - 175.80 Kb

19.JPG - 145.12 Kb 20.JPG - 151.26 Kb 21.JPG - 140.02 Kb 22.JPG - 161.91 Kb

23.JPG - 137.40 Kb 24.JPG - 178.47 Kb 25.JPG - 137.05 Kb 26.JPG - 148.14 Kb

27.JPG - 148.31 Kb 28.JPG - 141.25 Kb 29.JPG - 162.95 Kb 30.JPG - 133.64 Kb

31.JPG - 134.23 Kb 32.JPG - 137.44 Kb 33.JPG - 135.00 Kb 34.JPG - 139.94 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj