• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

МЕТОДИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ

35.JPG - 222.98 KbРӯзи 8.11.2020 бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ дар мавзӯи “Тадбиқи низоми муносибати босалоҳият дар таълими забон ва адабиёт” бо иштироки декани факултет д.и.ф, профессор Восиева Рухшона, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, прорфессор Шарифмурод Исрофилниё, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Солеҳов Шамсиддин, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Азиз Мирбобоев, муовинони декан ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст, Исрофилниё Ш. Дар мавзӯи “Методикаи таълими босалоҳияти адабиёти тоҷик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ” баромад намуда, афзуд, ки маҳфили навбатӣ ба рӯзи зодрӯзи яке аз омӯзгорони соҳибтаҷриба, муаллими калони кафедра Ҳотам Саидов рост омадааст, ки самимона табрик менамоям. Сипас, устод Ҳотам Саидов дар мавзӯи “Усулҳои фаъолонидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ” суханронӣ карда, аз таҷрибаҳои хеш доир ба таълими хонандагон мисолҳо овард. Устод Ҳотам Саидов нафаре мебошад, ки умри худро дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон бахшида, омӯзгори пуркору пурдон мебошад, афзуд декани факултет Восиева Р. Баъдан, аз ҷониби садорати факултет ба устод дастагулу тӯҳфаҳои хотирмон ҳадя карда шуд. Дар ҷамъбасти маҳфил барои хотирмон гузаштан аз ҷониби як гурӯҳ донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

 

 

 

35.JPG - 222.98 Kb 36.JPG - 204.72 Kb 38.JPG - 197.87 Kb 39.JPG - 163.59 Kb 40.JPG - 194.81 Kb 41.JPG - 174.41 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj