• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ОИЛА ВА ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

49.JPG - 164.46 KbСанаи 10.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Оила ва фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гарддид. Конференсияи илмӣ-амалии мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонони иштирокнамударо ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед намуд. Сипас риштаи сухан ба Зуҳурова З.Ҳ.- сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дода шуд. Ҳамчунин дар меҳмонӣ Саломова М.Ғ.-директори муассисаи давлатии Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе иштирок дошта, суханронӣ намуд. Дар конференсияи мазкур декани факултети психология ва таҳсилоти фарогир Обидова М.И., Кенҷаева З.Х.- мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ маъруза намуданд. Идомаи маърӯзаҳо дар бахшҳо гузаронида шуд. Дар фарҷоми конференсия барномаи фарҳангии тайёрнамудаи ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

 

42.JPG - 160.74 Kb 43.JPG - 161.37 Kb 44.JPG - 186.81 Kb 46.JPG - 201.10 Kb 47.JPG - 109.47 Kb 45.JPG - 178.47 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj