• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲ МУБОРАК БОШАД

68.JPG - 264.76 KbРӯзи 10.11.2020 мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аз санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва муовини раиси кумита Аҳмадзода Дилноза иштирок ва суханронӣ карда, ғолибони мусобиқаро муайян намуданд. Ҷои аввал насиби дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷои дуюм насиби Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷои сеюм насиби Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гардид. Ғолибон бо Ҷом ва диплому ифтихорнамаи кумита қадрдонӣ гардиданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ғолибияти донишҷӯёнро табрик менамояд.

 

50.JPG - 251.41 Kb 52.JPG - 257.46 Kb 53.JPG - 228.25 Kb 54.JPG - 191.75 Kb 55.JPG - 256.97 Kb 56.JPG - 237.31 Kb 57.JPG - 242.90 Kb 58.JPG - 267.84 Kb 59.JPG - 218.74 Kb 61.JPG - 213.26 Kb 62.JPG - 198.70 Kb 64.JPG - 181.24 Kb 65.JPG - 202.44 Kb 66.JPG - 254.44 Kb 67.JPG - 252.70 Kb 68.JPG - 264.76 Kb 69.JPG - 266.97 Kb 70.JPG - 252.46 Kb 71.JPG - 238.37 Kb 72.JPG - 246.50 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj