• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ОҒOЗИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОСӢ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

81.JPG - 136.35 KbРӯзи 21.11.2020 маҳфили навбатии “Адабиётшиносӣ” – и кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо мақсади тафсир ва ташреҳи умдатарин абёти осори классикӣ, ки фарогирии мазмун ва мундариҷаи лирикиро дар бар мегирад, баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ, Шарифзода Боймурод иштирок намуда, дар мавзӯи “Нақди шеъри Ҳоқонии Шервонӣ” маърӯза кард. Маърӯзакунанда, дар идома барои иштирокчиён қасидаи “Айвони мадоин”-и Ҳоқониро шарҳ дод. Маврид ба зикр аст, ки маҳфили мазкур фаъолияти хешро аз имрӯз оғоз намуда,  минбаъд рӯзи шанбеи охири ҳар ҳафта, соати 10 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик бо иштироки ҳаводорони адабиёти классикӣ баргузор мегардад. Дар ин маҳфил хоҳишмандон аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ метавонанд, иштирок намоянд.

 

 

 

84.JPG - 240.26 Kb 81.JPG - 136.35 Kb 82.JPG - 219.06 Kb 83.JPG - 201.48 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj