• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ САРЧАШМАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

129.JPG - 156.06 KbСанаи 24.11.2020 бо ташаббуси раиси ҷавонон, иттифоқи касаба ва раиси шӯрои духтарони донишҷӯёни факултети технология ва соҳибкорӣ семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи "Парчами давлатӣ сарчашмаи Истиқлолият" баргузор гардид, ки дар он декани факултети мазкур н.и.т., дотсент Сияҳаков Сафаралӣ ва ассистенти кафедраи методикаи таълими фанҳои тахассусӣ Оев Шамсиддин пиромуни ин мавзӯъ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. Дар чорабинии мазкур донишҷӯён дар васфи Парчами давлатӣ шеърҳои баландмазмун қироат намуда, инчунин дар доираи риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ намоиши саҳначаи ҳаҷвиро дар сатҳи баланд гузарониданд. Дар охири чорабинӣ аз тарафи садорати факултет ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуд.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

129.JPG - 156.06 Kb 131.JPG - 153.00 Kb 128.JPG - 202.87 Kb 130.JPG - 127.93 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj