• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ДУШМАНАТ БОДО ПАРЕШОН, ТОҶИКИСТОН!

138.JPG - 221.60 KbРӯзи 23-юми ноябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, душманат бодо парешон, Тоҷикистон!” баргузор гардид. Нахуст чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур ҳусни оҳоз бахшид. Сипас, Маъди Абдураҳмонов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар мавзӯи “Парчами давлати рамзи Истиқлолияти миллӣ” маърӯза намуд. Дар идомаи чорабинӣ барномаи консертии ансамбли “Ҷеҳранамо”-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳамчунин дар доираи таҷлили ин ҷашни миллӣ, ба як қатор волонтёрони донишгоҳ, ки дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат варзида буданд “Ифтихорнома”-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

 

 

 

136.JPG - 185.21 Kb 137.JPG - 210.68 Kb 138.JPG - 221.60 Kb 139.JPG - 183.38 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj