• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САБЗ ХОҲАМ ДИД!

108.JPG - 270.63 KbРӯзи 07.12.2020, тибқи мактуби расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вазифадор шуданд, ки дар дохили муассиса ё корхонаи худ дарси сиёсӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо бо ҷалби собиқадорони ҳизб доир намоянд. Тибқи ин дастур, дар ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии «Омӯзгор» маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» баргузор гардид.

Бо ин мақсад, дарахтони ҳамешасабз аз Боғи таҷрибавӣ-истеҳсолии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оварда шуда, дар назди бинои хобгоҳҳои донишгоҳ шинонида шуданд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии «Омӯзгор» Раҷабов Дилшод, котиби ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии «Омӯзгор» Каримов Давлатшо, комендантони хобгоҳҳои донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

 

 

 

104.JPG - 258.42 Kb 105.JPG - 242.00 Kb 106.JPG - 284.54 Kb

107.JPG - 298.35 Kb 108.JPG - 270.63 Kb 109.JPG - 306.66 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj