• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ҶАВОНОНРО ҲАДАФ-ХИЗМАТ БА МИЛЛАТ

117.JPG - 241.36 KbРӯзи 8-уми декабри соли равон дар толори Шӯрои олимони бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ бо иштироки меҳмонону намояндагон: муовини озоди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед, мудири бахши ҷавонони н.И.Сомонӣ Иброҳимзода Амин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳамин ноҳия Убайдуллои Шамсулло, сардори раёсати тарбияи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватов Сайдулло, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила, раиси бахши занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ Саидова Гулхумор, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Дилшод ва як гурӯҳ ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории маҷлис аз он иборат буд, ки Қувватов С., вазифаи Раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар донишгоҳ бар ӯҳда дошт ва бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод гардида, минбаъд масъулияти онро мудири бахши ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ бо муовинони навтаъйини худ Ҳамроев Абдусамад - сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ ва Салима Расулова - муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф бар ӯҳда доранд.

 

Раёсати донишгоҳ ба нафарони мазкур ҷиҳати интихоб ва таъйин гардидан ба ин вазифаи пурмасъулият самимона табрику таҳният намуда, барояшон барору комёбиҳои назаррасро таманно дорад.

 

117.JPG - 241.36 Kb 118.JPG - 147.02 Kb 119.JPG - 184.97 Kb 120.JPG - 190.61 Kb 121.JPG - 190.58 Kb 122.JPG - 124.51 Kb 123.JPG - 201.44 Kb 116.JPG - 213.64 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj