• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПИРӮЗӢ НАСИБИ ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ХОҶАГИДОРӢ ГАРДИД

195.JPG - 284.65 KbШуруъ аз 4-уми декабри соли 2020 мусобиқаи футболи хурд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва ҷалб намудан ба варзиш байни омӯзгорону кормандон ва зерсохторҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти шиори “Варзиш кафили саломатист”ҷараён дошт, рӯзи 23-юми декабр ҷамъбаст гардид. Дар гурӯҳи беҳтарин дастаҳое, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, дастаи факултаи химия бо шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, дастаи Хоҷагидорӣ бо дастаи футболбозони факултети математика барои ҷоиза байни ҳам сабқат намуданд. Дар ҷамъбаст бо ҳисоби 4-3 бозӣ ба нафъи дастаи футболбозони Хоҷагидорӣ анҷомид, ки дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи футболбозони Хоҷагидорӣ, ҷои дуюм насиби дастаи факултети математика ва ҷои сеюм насиби дастаи футболбозони шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ эълон карда шуд.Ҳамзамон, бозингари беҳтарин аз дастаи Хоҷагидорӣ - Низом Норов ва омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ дотсент Маъруф Ҷумаев ҳам чун нишонзани беҳтарин байни дастаи футболбозони донишгоҳ ҳисобида шуданд.

Раёсати донишгоҳ ғолибонро бо кубок, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

 

 

Суратгузориш аз рафти мусобиқа:

187.JPG - 241.02 Kb 188.JPG - 225.63 Kb 189.JPG - 274.50 Kb

190.JPG - 253.43 Kb 191.JPG - 264.22 Kb 192.JPG - 202.53 Kb

193.JPG - 173.70 Kb 194.JPG - 227.06 Kb 195.JPG - 284.65 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj