• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Аз шароитҳои донишгоҳ бояд истифода кард

Консули Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрмек Сарибаев ба донишгоҳ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева ва донишҷӯёни Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрӣ доир кард.
Нахуст Р.Абдуллоева изҳор дошт, боиси сарфарозист, ки намояндаи воломақоми сафорат ба донишгоҳи мо қадам ранҷа намуд.


Эрмек Сарибаев низ ба раёсати таълимгоҳ арзи сипос карда, гуфт, ифтихорманд аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки тибқи квотаи байнидавлатӣ дар маърифатгоҳи мо 7 нафар шаҳрванди Қирғизистон дар зинаи бакалавр ва 1 нафар дар риштаи магистратура таҳсил мекунанд. Онҳо вазифадор ҳастанд, ки бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ донишгоҳро ба итмом расонанд ва ба ватану халқи худ хизмат намоянд.
Р.Абдуллоева таъкид дошт, ки донишҷӯёни қирғизистонӣ низ бояд дар баробари муҳассилин аз Ҷумҳурии Туркманистон дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзанд. Мавсуф, ҳамзамон, қайд кард, ки донишгоҳ дорои толорҳои хониши барҳаво, синфхонаи электронӣ, толори варзишӣ бо шароитҳои нави замонавӣ мебошад, ки донишҷӯён метавонанд аз онҳо васеъ истифода баранд.
Э.Сарибаев аз муҳассилин тақозо намуд, ки аз имкониятҳои мусоид самаранок истифода баранд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, як қатор масъалаҳои дигар, ба монанди бақайдгирии шиносномаҳои донишҷӯён, давомоти онҳо дар дарсҳо, натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.

 

З.Назифова, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

https://www.facebook.com/

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj