There are no translations available.
МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД
Дар идомаи ҷаласа сармутахассиси раёсати таҳияи тестҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусравбеков Л.Д. дар мавзӯи «Таҳлили натиҷаҳои имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ аз фанни физика», муаллимони калони кафедраи методикаи таълими физика Сафаралӣ Авлиёқул дар мавзӯи «Проблемаҳои таълими астрономия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Мавлонов И.Ш доир ба «Методикаи намоиши таҷрибаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» маърӯзаҳо ироа гардид. Дар ҷамъбаст, байни иштирокчиён суолу ҷавоб баргузор шуд, ки маърӯзачиён ба саволҳои омӯзгорон ҷавобҳои қаноатманд доданд. Аҳли нишаст ба хулосае омаданд, ки воқеан ҳам: “Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад”.
|