• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ДУ МУВАФФАҚИЯТИ ЯК ДОНИШҶӮ

8.JPG - 219.05 KbАбдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович – донишҷӯи соли 4-уми факултети химия буда, яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ китоби Абдулхайр Абдураҳмонов таҳти унвони «Рисолати журналистии химик» ба ифтихори 90-солагии донишгоҳ ба зевари табъ ороста шуд, ки муаллиф дар китоби мазкур фаъолиятии журналистии 4 – солаи худро ҷамъоварӣ намудааст. Ва субҳи имрӯз низ мавсуф барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ сазовор дониста шуд.

Маврид ба зикр аст, ки тиннати инсон ҷавҳари суфтаи  истеъдоди модарзодӣ мебошад, вагарна ҳама кӯшишҳову талошҳо дар масири маҷрои зиндагии инсоният нақшест, ки тавлидгаҳаш нокуҷоиҳост ва дар тиннати Абдулхайр нерӯи истеъдоди модарзодӣ муҷаллост. Чунончи Ғании Кашмирӣ гӯяд:

Хома ҳарчанд давад, лек ба маънӣ нарасад,

Саъй коре накунад, чун набувад истеъдод.

Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба Абдулхайр Абдураҳмонов комгориву музаффарият ва эъҷози эҷодро пайваста таманно менамояд.

 

 

8.JPG - 219.05 Kb 9.JPG - 239.55 Kb 10.JPG - 257.46 Kb11.JPG - 271.16 Kb 12.JPG - 222.04 Kb 13.jpg - 136.27 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj