• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҶАМЪБАСТИ ЯК СОЛИ ПУРФАЙЗУ БОБАРОР

24.JPG - 151.99 KbРӯзи 12 – уми январи соли 2021 маҷлиси васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, д.и.т.,профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ва бо иштироки муовини Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯз Мирзозода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳои таълим, илм ва инноватсия,, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳо, омӯзгорон, ва дигар кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҷаласаи мазкурро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро барои супоридани ҳисоботи яксолаи донишгоҳ ба муовини аввал, муоаини ректор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.ф., дотсент Саъди Қосимӣ дод. Мавсуф зимни суханронии пурмуҳтавои хеш доир ба раванди фаъолияти яксолаи донишгоҳ сухан карда, вазифаҳои иҷрошавандаро барои соли 2021 муайян ва пешниҳод намуд. Сипас, аъзоёни шӯро профессор Бибиҳафиза Маҷидова, д.и.б. Акобир Мирзораҳимов, Зикирзода Ҳобилҷон, Умар Умаров ва дигарон баромад намуда, ҳисоботи мазкурро дар баробари мушкилоти мавҷудаи соли сипаригардида, қаноатманд донистанд. Дар идомаи ҷаласа муовини Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯз Мирзозода баромад намуда, барои фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ барору музаффариятҳои пайдарпайро таманно намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа озмуни “Олими сол - 2020” ҷамъбаст гардида, ба ғолибон диплом ва мукофотпулӣ супорида шуд. Қобили зикр аст, ки ба омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро сарбаландона ҳимоя намудаанд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин раванд, аз тарафи шуъбаи собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ба ташкилоти ибтидоии донишгоҳ “Ифтихорнома” супорида шуд. Ҳамчунин ду нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ки яке гирандаи стипендия ва дигаре дорандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ гардида буданд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ:

 

 

1.JPG - 174.62 Kb 2.JPG - 272.71 Kb 3.JPG - 175.54 Kb 4.JPG - 196.41 Kb

5.JPG - 208.25 Kb 6.JPG - 236.64 Kb 7.JPG - 232.05 Kb 9.JPG - 201.05 Kb

9.JPG - 201.05 Kb 10.JPG - 155.72 Kb 11.JPG - 179.11 Kb 12.JPG - 165.46 Kb

13.JPG - 158.87 Kb 14.JPG - 162.85 Kb 15.JPG - 180.91 Kb 16.JPG - 206.87 Kb

17.JPG - 190.12 Kb 18.JPG - 193.01 Kb 19.JPG - 188.10 Kb 20.JPG - 175.58 Kb

21.JPG - 186.66 Kb 22.JPG - 197.85 Kb 23.JPG - 175.52 Kb 24.JPG - 151.99 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj