• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ!


7.JPG - 185.80 Kb

01-уми феврали соли 2021 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Иди Сада ҷашни ниёгони тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин семинари илмӣ декани факултети таърих д.и.т. Ҳусейнов А., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов М., омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети таърих, д.и.т. Ҳусейнов А. баромад намуда, тамоми иштирокчиён ва меҳмононро бо фарорасии Ҷашни Сада, ки яке аз ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ба ҳисоб меравад, табрику муборакбод намуд. Сипас, дотсент Роҳатов Ғ. доир ба таърихи Ҷашни Сада маълумот дода, пайдоиши ин ҷашни миллии тоҷиконро ба давраи шоҳ Ҳушанг маънидод намуд. Ҳамчунин дар ин семинар дотсентон Зарифов Н., Негматов Д., муаллимони калон Маҳмудов Д., Наҷмуддинов Т., Ҷонмуродов Ш., Мирзоев Ф., Мирзоев М. ва ассистентон Шарифова Ш., Дарвозиева Ҳ. доир ба мавзӯъҳои вобаста ба ин ҷашни миллӣ баромад намуданд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби садорат ҷакултет даромадгоҳи  бинои таълимӣ бо беҳтарин шакл оро дода шуда, рамзҳои Ҷашни Садаро дар бар мегирифт.

 

 

1.JPG - 189.02 Kb 2.JPG - 208.28 Kb 3.JPG - 209.36 Kb 4.JPG - 158.92 Kb

5.JPG - 174.79 Kb 6.JPG - 181.59 Kb 7.JPG - 185.80 Kb 8.JPG - 239.54 Kb

9.JPG - 185.57 Kb 10.JPG - 171.00 Kb 11.JPG - 165.03 Kb 12.JPG - 209.84 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj