• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ

БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

21.JPG - 212.63 KbРӯзи 2-юми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳозиринро ба ин боргоҳи илму маърифат хушомадед намуда, доир ба дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмиллалӣ ва қисмати хоҷагидорӣ фаъолияти назарраси донишгоҳро дар зарфи як сол баррасӣ намуда, инчунин барои як соли баъдӣ нақшаҳои дурнамои донишгоҳро муайян сохт.  Зимни суханронии худ сарвари донишгоҳ қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 90-солагии донишгоҳ раёсат тасмим дорад, ки бинои нави таълимиро сохтаву ба истифода диҳад. Инчунин, барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, тарбия ба сохтори донишгоҳ илова намудани маркази такмили ихтисос, таъсиси Институти таҳқиқотӣ ва ҳамзамон, зиёд намудани иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм фурӯғи маърифат”  дар назар дошта шудааст. Дар ҷамъбаст ректори донишгоҳ ба ҳамаи саволҳои додашуда, ки доир ба фаъолияти ояндаи донишгоҳ равона шуда буд, посухҳои қаноатманд дод.

 

 

 

13.JPG - 241.70 Kb 14.JPG - 236.08 Kb 15.JPG - 200.95 Kb 16.JPG - 193.99 Kb

17.JPG - 210.68 Kb 18.JPG - 203.54 Kb 19.JPG - 238.67 Kb 20.JPG - 216.78 Kb

21.JPG - 212.63 Kb 22.JPG - 201.34 Kb 23.JPG - 213.11 Kb 24.JPG - 198.77 Kb

25.JPG - 191.92 Kb 26.JPG - 193.53 Kb 27.JPG - 188.18 Kb 28.JPG - 193.63 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj