• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ХОНИШИ САТРИ ЯК КИТОБ, ҲОСИЛИ УМР МЕШАВАД

41.JPG - 231.18 KbСубҳи имрӯз дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ боз намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассиаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Усмонзода Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва дигар устодону донишҷӯён ва дӯстдорони сухани волои осори адибони бузурги  адабиёти илмиву бадеӣ иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки  намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро кормандони Муассиаи нашриявии «Адиб», ки баҳри ғизои маънавӣ гирифтани хурду бузурги мардуми кишвар дастранҷиҳо доранд,  раҳбарӣ мекарданд ва аз навгониҳои тозанашрии китобҳои “Гулбоғи рубоӣ”-и Раънои Мубориз, “Оини ноз”-и Шоҳона, “Подош”-Сироҷиддин Икромӣ, “Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов”-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, “Тарозуи чашм”-и Давлат Сафар ва ғайра ба устодону донишҷӯён иттилоъ медоданд.

Бояд зикр кард, ки ин намоиш-фурӯши китоб дар донишгоҳ маротибаи дуюм дар зарфи шаш моҳи охир сурат гирифта истодааст ва ин аз завқу салиқаи мутолиа доштани устодону донишҷӯён дарак медиҳад.

Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст, манзури китобдӯстон гардид.

Дар раванди намоиш-фурӯши китоб шефтагони китоб аз кормандони Муассисаи нашриявии «Адиб» барои ин иқдоми пешгирифтаашон изҳори сипос намуда, барои бозоварди китоб дар навбатҳои минбаъда ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, даъват ба амал оварданд.

 

Намоиш-фурӯши китоб ҳанӯз идома дорад.

 

 

38.JPG - 196.20 Kb 39.JPG - 201.39 Kb 40.JPG - 232.19 Kb

42.JPG - 165.68 Kb 43.JPG - 206.69 Kb 44.JPG - 198.93 Kb 45.JPG - 180.81 Kb 46.JPG - 217.66 Kb 47.JPG - 185.07 Kb

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj