• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ЗИ МАВЛОНО МУҲАББАТ БОЯД ОМӮХТ

51.JPG - 165.45 Kb

Рӯзи 5-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили навбатии “Адабиётшиносӣ”, ки дар назди кафедраи назария ва таърихи адабиёт доиман амал менамояд, таҳти унвони “Ҷойгоҳи “ишқ” дар “Маснавии маънавӣ” – и Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ бо иштироки донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Роҳбарии маҳфилро н.и.ф., дотсент Абдулҳамид Шоев ба ӯҳда дорад. Роҳбари маҳфил доир ба мавзӯи мазкур ва нозукбаёниҳои осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ ба ҳозирин маълумотҳои дақиқу хотирнишин дод. Дар идома донишҷӯёни фаъоли ин маҳфил пиромуни  мавзӯи мазкур шеъру ҳикояҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳфили “Адабиётшиносӣ” ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа бо ташаббуси садорати факултет ва мудирияти кафедра баргузор мегардад. Иштирок дар он озод буда, нафароне, ки ба шеъру калом ва сухани воло шавқу рағбат доранд, метавонанд иштирок намоянд.

 

 

51.JPG - 165.45 Kb 48.JPG - 179.83 Kb 49.JPG - 163.44 Kb 50.JPG - 184.04 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj