• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ДУШАНБЕРО ҲАМЕША ТОЗА ДОРЕМ!

62.JPG - 262.40 KbСубҳи 6-уми феврали соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шанбегии дастаҷамъонаи устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ба хотири ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани хиёбону роҳравҳои атрофи донишгоҳ ва умуман Душанбешаҳр, таҳти унвони “Душанберо ҳамеша тоза дорем”, баргузор гардид. Дар шанбегии дастаҷамъона тозакорон тозакориро аз дохили биноҳои таълимӣ оғоз намуда, ҳамзамон, роҳравҳои атрофи бинои хобгоҳҳои № 2,3, 6 ва 7-и донишгоҳ, ки хонаи дуюми донишҷӯён ба ҳисоб меравад, идома доданд. Маврид ба зикр аст, ки чун омад-омади фасли баҳорро кабутари ҷашни  “Сада” пайғом медиҳад, бо ин мақсад, пайваста шанбегиҳои дастаҷамъона дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи ҷадвали нақша-чорабиниҳои амалишаванда сари вақт баргузор мегардад ва раёсати донишгоҳ барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, то саҳмгузор бошад.

 

 

 

 

 

Суратгузориш аз рафти шанбегӣ дар донишгоҳ:

 

58.JPG - 262.10 Kb 59.JPG - 262.62 Kb 60.JPG - 275.64 Kb

61.JPG - 263.78 Kb 62.JPG - 262.40 Kb 63.JPG - 255.48 Kb

64.JPG - 282.95 Kb 65.JPG - 251.48 Kb 66.JPG - 278.05 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj