• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

90.JPG - 221.51 KbСанаи 8-ми феврали соли 2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии н.и.ф., дотсент Мирзоалиева Адолат дарси кушод бахшида ба таҷлили “Иди Сада” бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор шуд. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона оғоз гардид. Сипас, роҳбари гурӯҳ дотсент Мирзоалиева Адолат барои иштирокчиён аз таърих ва пайдоиши ҷашни Сада маълумоти мухтасар  дод. Дар идома аз тарафи донишҷӯёни курси якуми исхтисоси маърифати оиладорӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд, рақсу гуфтори бузургон доир ба ҷашни Сада пешкаши ҳозирин гардид. Дар ҷамъбаст, декани факултет Восиева Р. ба донишҷӯёни соли аввал, ки аз худ маҳорати хуби ҳунарнамоӣ нишон додаву барномаи зебои фарҳангӣ доир намудаанд, баҳои баланд дод ва дар фаъолияти иштирокдорон муваффақиятҳо таманно намуд.

 

 

 

88.JPG - 217.03 Kb 89.JPG - 216.83 Kb 90.JPG - 221.51 Kb 91.JPG - 154.18 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj