• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Пирӯзии химикон дар викторина

Бахшида ба 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори садорати факултаи география дар толори калони донишгоҳ роҳбарии М.Раҳимов дар мавзӯи «Маърифати экологӣ дар ҷомеа» викторина баргузор гардид.
Ҷамъомадро декани факултаи мазкур Ҳ.Зикиров ифтитоҳ намуда, оид ба марому манзалат ва аҳамияти ин чорабании экологӣ ибрози андеша кард.

Сипас, профессори кафедраи геоэкология А.Эргашев пиромуни 20-солагии Сарқонуни чанд сухан ироа намуд. Дар ҳамоиш, инчунин, номзади илмҳои биология, дотсент И.Шарифов иштирок дошт.
Дар идома маърӯзаи донишҷӯи курси 2-юми факултаи география дар мавзӯи «Нақши баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён дар таълим ва тарбияи наслҳои ҳозира ва оянда»  шунида шуд.
Дар викторина 5 факултаи донишгоҳ-химия, биология, таърих, филологияи тоҷик ва забон ва адабиёти рус ширкат варзиданд.
Аз рӯи шартҳои викторина ҷои аввалро факултаи химия, ҷои дуюм ва сеюмро факултаҳои таърих ва биология сазовор гаштанд.
Ғолибон аз тарафи Иттифоқи касабаи донишҷӯён бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷом иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба беҳтарнамоии ҳолати экологии муҳити зист иброз доштанд.

facebook.com/photo

Парвизҷони ҲУСЕЙН, донишҷӯи факултаи биология

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj