There are no translations available. Мулоқоти судманди ректор бо сафири Украина Бо даъвати раёсати донишгоҳ сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон О.Никитюк ба маърифатгоҳи мо ташриф овард ва бо ректор, академик Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд. Дар ин вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева низ ширкат доштанд. Дар оғози суҳбат сарвари таълимгоҳ ҳадаф аз ин мулоқотро машварат барои баргузорнамоии конференсияи умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 200-солагии олими барҷастаи украин Т.Шевченко арзёбӣ кард. Тавре А.Раҳмонов зикр намуд, донишгоҳи мо солиёни зиёд номи ин шахсияти маъруфро доро буд ва месазад, ки солгарди ӯ ба таври шоиста таҷлил гардад. Дар ин самт аллакай як қатор корҳои ташкилӣ ба сомон расидаанд.
Ректор, ҳамзамон, таъкид кард, ки қабл аз оғози конференсия намоиши китобҳо, рисолаҳо ва аксҳои таърихии донишманд Т.Шевченко барпо хоҳад гардид. Сипас, қисмати ифтитоҳ шурӯъ мешавад ва баъд аз он кори конференсия дар бахшҳо идома хоҳад ёфт. А.Раҳмонов аз сафир дархост намуд, ки ҳар маълумоти вобаста ба Т.Шевченко, аз қабили наворҳо, китобҳо ва аксҳо, ки дар даст дорад, ба мо ирсол намояд, то ҳамоиш боз ҳам бошукӯҳтару хотирмонтар гардад. О.Никитюк, сафири Ҷумҳурии Украина, зимни суханронии хеш нахуст барои даъват ва пазироии самимӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос кард ва таҷлили арзишманди солгарди олими барҷаста Т.Шевченкоро иқдоми наҷиб ва тақвиятбахшандаи равобити дӯстии ду мамлакат унвон намуд. Ӯ қайд кард, аз он хушҳол аст, ки солҳои қабл шаҳрвандони Украина дар донишгоҳи мо кору фаъолият доштанд ва то имрӯз номи неки онҳо гиромӣ дошта мешавад. Дар хусуси маводи марбут ба Т.Шевченко сафир арз намуд, ки ба шаҳри Киев муроҷиат карда, ҳар маълумоти дастрасшударо пешниҳод мекунад. Дар мулоқот, инчунин, зикр гардид, ки дар ин конференсия намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, як қатор сафоратхонаҳо, макотиби олӣ ва дигар мақомоти дахлдор бояд даъват шаванд. Дар радифи онҳо ҳузури хабарнигорони воситаҳои ахбори омма низ ҳатмӣ шуморида шуд. Пас аз мулоқот сафир аз толорҳои баргузории конференсия дидан кард ва аз сатҳи омодагии онҳо қаноатманд гардид. Лозим ба тазаккур аст, ки 200-солагии донишманди намоёни украин Т.Шевченко 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ баргузор хоҳад шуд. Б.Абдураҳим |