• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ

УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ ДАР ДОНИШГОҲ

10.jpg - 41.93 KbСанаи 15-уми марти соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои гиромидошти хотири неки Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналхалқии “Springer Nature” дар солҳои 2015 ва 2016, соҳибҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Асосгузори мактаби илмӣ-омӯзишии системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия, д.и.х., профессор, шодравон Солиев Лутфулло дар даромадгоҳи факултети химия лавҳаи хотиравӣ кушодаву ва бо ихлосу иродати хоса як лабараторияи илмӣ-тадқиқотии “Омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия” ба номи неки ин марди хирад номгузорӣ гардид.

Дар маросими кушодашавӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода доир ба хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ сухан ронда, меҳмонон, дӯстону ҳамкасбони марҳумро ба ин боргоҳи маънӣ хайрамақдам намуд.

Инчунин дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ”, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” ва ҳамзамон низ ба хотири ёдбуди устоди равоншод Солиев Лутфулло баргузор гардид. Конференсия бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ ибтидо ёфт. Дар идома меҳмонон, дӯстон ва ҳамкорони шодравон Солиев Лутфулло д.и.х., профессор Бандаев Сироҷиддин дар мавзӯи “Кашофи дурру маънӣ”, академики АМИТ, д.и.х., профессор Улмас Мирсаидов дар мавзӯи “Мувозинати фазавии борогидридҳои металлҳои камёбзаминӣ бо тетрагидрофуран”, д.и.х., профессор Раҳимова Мубаширхон дар мавзӯи “Ҳисоби мувозинатии раванди комплекҳосилкунии мис (II) бо имидазол”, мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ н.и.х., дотсент Нозимов Исохон дар мавзӯи “Вазъ ва дурнамои истифодаи усули транслятсия дар таҳқиқи системаҳои химиявии бисёркомпонента ва коркарди ашёи табиию техникии мураккаб”, н.и.ф., дотсент Адолат Мирзоалиева дар мавзӯи “Ёде аз инсони шариф” ва дигарон аз хотироти неки ӯ маърӯзаву суханронӣ намуданд.

Дар қисми сеюми ин чорабинӣ, пас аз анҷоми конференсия аъзои раёсати донишгоҳ, дӯстону ҳамкасбон, шогирдон ва дар маҷмӯъ садорати факултети химия бо як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён ба зодгоҳи Л.Солиев, Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуданд. Маврид ба зикр аст, ки марҳум хатмкардаи мактаби миёнаи №41-и деҳоти мазкур мебошад ва ин муассисаи таълимӣ ҷиҳати гиромидошти ёдбуди Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, Солиев Л., бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ ба номи ӯ гузошта шуд.

Бо ин мақсад, конференсияи мазкур тӯли 2 рӯз дар донишгоҳ идома хоҳад ёфт.

Суратгузориш аз рафти баргузории конференсия:

 

1.jpg - 34.10 Kb 2.jpg - 34.52 Kb 3.jpg - 36.76 Kb 4.jpg - 48.68 Kb

5.jpg - 38.77 Kb 6.jpg - 29.39 Kb 7.JPG - 211.93 Kb 8.jpg - 43.26 Kb

9.jpg - 44.96 Kb 10.jpg - 41.93 Kb 11.jpg - 21.08 Kb 12.jpg - 53.26 Kb

13.jpg - 37.44 Kb 14.jpg - 35.50 Kb 15.jpg - 33.42 Kb 16.jpg - 49.41 Kb

17.jpg - 39.07 Kb 18.jpg - 22.38 Kb 19.jpg - 39.86 Kb 20.jpg - 39.36 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj