• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Таҷлили Рӯзи Парчам дар назди парчам

Дар саҳни бинои нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ки пояи баланди парчам қомат афрохтааст, 24-уми ноябр ба ифтихори Рӯзи Парчам ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст Суруди миллӣ танинандоз шуд ва ҳамагон ба он ҳамовозӣ намуданд.
Сипас, ректор, академик А.Раҳмонов устодону донишҷӯёнро бо ин санаи фархунда таҳният гуфт. Ӯ зикр кард, боиси фараҳмандист, ки ҳамасола

 

имрӯз ҳамчун Рӯзи Парчам дар мамлакат таҷлил мешавад ва бахшида ба ин ҷашн як қатор чорабиниҳои фарҳангии судманд баргузор мегарданд.
Дар идома А.Раҳмонов, инчунин, аз таърихи пайдоиши парчам ва эҳтирому гиромӣ доштани он сухан ронд. Мавсуф таъкид дошт, ки таври маълум парчам яке аз рамзҳо ва муқаддасоти миллию давлатдорӣ маҳсуб меёбад ва ҷавонон-донишҷӯёнро мебояд, ки ба гунаи зарурӣ ва дар ҳолатҳою маконҳои муқарраршуда онро истифода намоянд. Ба ақидаи А.Раҳмонов, парчам бояд ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

https://www.facebook.com/photo

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj