• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

ТАВСИФИ ЛОИҲА


Зер-лоиҳа (равзанаи 1)-и Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”: Баланд бардоштани сифати таҳсил ва мутобиқати он ба бозори меҳнат

Номи лоиҳаи грантӣ: Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Мақсади асосии лоиҳа: Баланд бардоштани сифати таҳсилот бо воситаи ҳамгироии технологияи информатсионӣ-иртиботӣ дар раванди таълим

Вазифаҳо/ҳадафҳои мушаххаси лоиҳа:

  1. Таъсис додани пойгоҳи ягонаи электронӣ (портали таҳсилотӣ) бо мақсади дастрасии маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ.
  2. Коркарди сохтор, мазмун ва принсипҳои кори идоракунии низоми электронӣ-информатсионӣ ва мониторинги раванди таълим.
  3. Коркард кардани шаклҳои нави тестҳо мувофиқ ба модули қабули имтиҳонот ва баланд бардоштани навпардозиҳои ҳайати омӯзгорон дар ин самт.

 

Гурӯҳи мақсаднок / иштирокчиён: Дар лоиҳа донишҷӯён ва омӯзгорони факултетҳои пилотӣ (интихобӣ), шуъбаҳои раёсати таълим ва китобхонаи донишгоҳ ширкат меварзанд.

Муҳлати татбиқи лоиҳа: (оғоз ва анҷом):

Давомнокӣ - 22 моҳ

Оғози татбиқ - 25.09.2019 г.

Анҷоми лоиҳа - 31.07.2021 г.

 

Компонентҳо/зеркомпонентҳои асосии лоиҳа: Лоиҳа аз се компонент ибрат мебошад. Инҳо,

Компоненти 1. «Таъсис додани портали ягонаи таҳсилотӣ». Мақсади қисмати мазкур таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ (портали таҳсилотӣ) бо мақсади дастрасии маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ, ҳамзамон баланд бардоштани навовариҳои корӣ бо чунин навъи захираҳои электронӣ. Компоненти мазкур се чорабинии бо ҳамдигар иртиботдорро дарбар мегирад: омӯзиш ва ҷамъбаст намудани таҷрибаи мавҷуда барои минбаъд ташаккул додани сохтори портал;  дар асоси модели таҳияшуда,  омода намудани интерфейси портали таълимӣ;  баргузор намудани тренингҳо бо мақсади ҷорӣ намудани модули мазкур ва такмил додани малакаҳо дар ин соҳа.

Компоненти  2. «Коркарди сохтор, мазмун ва принсипҳои кори барномаи идоракунии электронӣ-информатсионӣ ва мониторинги раванди таълим». Мақсади ин компонент коркарди системаҳои автоматикунонидашудаи раванди таълими ба фаъолияти муассисаи таълимии олии касбӣ мувофиқ ба шумор меравад, ки дар доираи он ташакули муҳити ягонаи таълимӣ дар байни омӯзгор ва донишҷӯ дар назар дошта мешавад. Компоненти мазкур се чорабинии пайдарҳамро фаро мегирад: омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва системаҳои идоракунии таълимии мавҷуда; коркарди барномаҳо дар заминаи платформаҳои муосир; амалӣ намудани шакли пилотии низомҳои идоракунии таълим (НИТ) дар заминаи ду факултет.

Компоненти 3. «Баланд бардоштани маҳорату малакаи таҳияи навъҳои нави тестҳо».

Мақсади ин компонент коркарди шаклҳои нави тест ва баланд бардоштани маҳорату малакаи ҳайати омӯзгорӣ дар самти таҳияи тестҳо мебошад. Компонети мазкур се чорабинии ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад: омӯзиш ва муайян намудани нуқсонҳои мавҷуда дар ҷараёни таҳияи тестҳо; ташкил  ва гузаронидани тренингҳо барои ҳайати омӯзгорӣ дар соҳаи методикаи таҳияи тестҳо; татбиқи пилотии шаклиҳои нави тестҳо ва ҷорӣ намудани онҳо дар раванди таълим.

Натиҷаҳои пешбинишуда:

Дар рафти татбиқи лоиҳа ба даст овардани чунин натиҷаҳо пешбинӣ мешаванд:

- малакаи ҳайати омӯзгорӣ дар доираи истифодаи ТИК дар раванди таҳсил баланд бардошта мешавад;

- маводи таълимӣ ва таълимию методӣ  ба донишҷӯён дастрас гардонида мешаванд;

- базаи ягонаи иттилоотӣ барои коркарди минбаъдаи натиҷаҳо дар соҳаи таълим ба вуҷуд меояд;

- муҳити ягонаи иттилоотӣ дар байни омӯзгор ва донишҷӯ пайдо мешавад;

- малакаи ҳайати омӯзгорӣ дар ҷодаи таҳияи шаклҳои навӣ тестгузаронӣ баланд мегардад;

- зимни истифодаи НИТ барои беҳтар гардидани мониторинги сифати таълим имконият пайдо мешавад;

- имкониятҳои гирифтани ҳисоботҳои оморӣ дар раванди таълим бо истифодаи НИТ беҳтар мегардад;

- харҷи камтари вақт барои муайян намудани натиҷаҳои таълим дар нимсола соли таҳсил;

- иқтидори техникии донишгоҳ беҳтар мешавад.

 

Натиҷаҳои ниҳоӣ: 1) Дар давраи татбиқи лоиҳа бисёр масъалаҳои гузошташудаи ҳар се компонент натиҷаҳои муҳим нишон хоҳанд дод. 2) Гурӯҳҳои мақсадноке, ки дар амалӣ намудани лоиҳа иштирок мекунанд онҳо низ малакаҳои худро дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таҳсилот баланд мебардоранд. 3) Шаклҳои нав ба нави тест коркард мешаванд. 4) Теъдод ва ҳаҷми хеле зиёди маводи таълимӣ ва таълимӣ-методӣ дар шакли электронӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. 5) Пас аз анҷоми муҳлати татбиқи лоиҳа портали ягонаи таълимӣ, ки бо дастгирии техникии мутахассисон омода гардидаанд, низоми идоракунии таълим бо роҳнамо ва принсипҳои истифодабарӣ, шаклҳои нави тест, бонки тестҳо, модули электронии тестгузаронӣ  дар ихтиёри донишгоҳ гузошта мешаванд.

Шарикон: Дар татбиқи лоиҳа шарикони зерин ёрии техникӣ мерасонанд: Гравити Студио – ширкати дизайн ва таҳрезии барномаҳои иттилоотӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Белоруссия ба номи Максим Танка, Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония.

 

 

Барои маълумоти бештар:

Пешниҳоди пурраи БГО (равзанаи 1).pdf

Рӯйхати Гурӯҳи идоракунии грантӣ (равзанаи 1) .pdf

 

 

Пешниҳоди арзу шикоятҳо

Дар ҳолати пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба татбиқи лоиҳаи мазкур, Шумо метавонед ба раёсати донишгоҳ тариқи почтаи электронии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , телефони (+992) 37 224-13-83 ва/ё тавассути “Қуттии арзу шикоятҳо”, ки дар бинои асосии Донишгоҳ бо суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 воқеъ аст, муроҷиат намоед.

Арзу шикоятҳо дар давоми 48 соат баррасӣ гардида, дар ҳолати нишон додани суроғаи электронӣ ва ё рақами телефон, арзкунанда аз натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо хабардор хоҳад шуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj