• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗӢ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ

2.JPG - 208.06 KbСанаи 9-уми апрели соли 2021 дар толори  бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони франсавӣ “Франкофония” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Н.У., Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран, масъули бахши фарҳангии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Роже, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Шарифова М., филмбардор ва аксбардори машҳур Заур Дахте, ҳамоҳангсози миллии барномаҳо: «Санъат ва фарҳанг»-и Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Баширова М., кормандони Маркази фарҳангии “Бохтар”, омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои забонҳои хориҷии донишгоҳ ва дигар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангиро мудири кафедраи забони франсавии донишгоҳ Султонзода Соқибой ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Н.У. дод. Зимни суханрони ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Н.У. ҳузури сафир ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса андешаронӣ намуд. Сипас, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ҳозиринро бо иди “Наврӯз” табрик намуда, дар хусуси мавқеи забони фаронсавӣ дар ҷаҳон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо забони фаронсавӣ на фақат мардуми Фаронса, балки дигар кишварҳои олам низ такаллум мекунанд ва шумораи фаронсавизабонони олам феълан бештар аз 300 миллион нафар аст. Сафир барои қабули гарми ректори донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд.

Баъдан, саҳна ба ихтиёри омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисоси забони франсавӣ гузошта шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯён бо овозу мусиқии зинда бо забонҳои тоҷикию фаронсавӣ суруд хонда, табъи ҳозиринро хуш гардониданд. Сипас, саҳначаи театрӣ бо забони фаронсавӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин карда шуд. Донишҷӯён ҳангоми намоиш аз худ ҳунари воло нишон дода, таваҷҷӯҳи ҳозирин, хусусан меҳмонони фаронсавиро ба худ ҷалб намуданд. Ҳамин тавр, чорабинии фарҳангӣ хеле зебою хотирмон ба анҷом расида ва дар фарҷом ба иштирокчиёни чорабинӣ туҳфаҳои Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, маркази фарҳангии “Бохтар” инчунин Намояндагии Дафтари ҳамкории байналмилалии Швейтсария супорида шуд.

 

 

1.JPG - 194.71 Kb 2.JPG - 208.06 Kb 3.JPG - 153.31 Kb

4.JPG - 169.53 Kb 5.JPG - 155.96 Kb 6.JPG - 177.72 Kb

7.JPG - 213.81 Kb 8.JPG - 221.98 Kb 9.JPG - 195.18 Kb

10.JPG - 214.14 Kb 11.JPG - 272.44 Kb 12.JPG - 205.53 Kb

13.JPG - 202.10 Kb 14.JPG - 216.63 Kb 15.JPG - 202.18 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj