• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

“ТАТБИҚИ АЛГЕБРА ВА НАЗАРИЯИ АДАДҲО ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУОСИР”

1.JPG - 339.80 KbРӯзи 29-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Татбиқи алгебра ва назарияи ададҳо дар ҳалли масъалаҳои муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 - 2040)”, 90–солагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонону омӯзгорони факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ҳушомадед намуд. Сипас дар конференсия маърӯзаҳо аз ҷониби муовини ректор оид ба илм, д.и.б., профессор Мирзораҳимов А., узви вобастаи АМИТ, д.и.м., профессор Табарӣ А.Ҳ., н.и.ф.м., профессори Олимов М.И., узви вобастаи АМИТ, д.и.п., профессор Нугмонов М., д.и.ф.м., профессор Пиров Р.Н., д.и.п., профессор Ғуломов И., н.и.ф.м., дотсент Чориев У. ва меҳмонон аз ДДБ ба номи Носири Хусрав д.и.п., профессор  Сатторов А.Э., д.и.ф.м., профессор Усмонов Н.У., д.и.ф.м., профессор Сафаров Ҷ.С. ва  д.и.ф.м., дотсент Шамсиддинов Ф.М. бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаши аҳли нишаст гардид. Дар ҷамъбаст, роҳбарияти донишгоҳ дастур доданд, ки ҳайати меҳмонон ва профессорони  ДДБ ба номи Носири Хусравро барои иштироки фаъолашон дар конференсия бо “Ифтихорнома”-и донишгоҳ қадрдонӣ карда шаванд.

 

 

 

 

 

 

Суратгузориш аз рафти конференсия:

2.JPG - 268.43 Kb 3.JPG - 250.65 Kb 4.JPG - 206.88 Kb

5.JPG - 266.33 Kb 6.JPG - 225.88 Kb 7.JPG - 276.65 Kb

8.JPG - 203.00 Kb 9.JPG - 179.15 Kb 10.JPG - 244.38 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj