• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Осори Мири Ҳамадонро пажӯҳиш мебояд

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик бахшида ба 700-солагии адиби ширинсухан, шоир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамоиши бошукӯҳ доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев ширкат варзид.
Б.Шарифзода, декани факултаи мазкур, дар оѓози ҷамъомад дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сухан гуфта, ӯро олими

бузурги фалсафа, илоҳиёти на танҳо форсу тоҷик, балки Ҳинду Покистон низ унвон кард.
Дар ҳамоиш, инчунин, гуфта шуд, ки адибро мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ, аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпӯш, Мири Сиёҳпӯш, Ҳазрати Амирҷон ёдоварӣ мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса, дар шаҳри Кӯлоб ва Қӯрѓонтеппа аз рӯи муҳаббати бе поёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ ибни Шаҳобуддин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад донишҷӯён шеърҳо қироат намуданд.

 

Н.Салимов, донишҷӯи факултаи физика

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj