There are no translations available. Эҳтироми хоса ба маъюбон ҳатмист Ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мешавад ва бахшида ба ин сана бо ибтикори факултаи педагогика дар донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад дар радифи омӯзгорону донишҷӯён, ҳамчунин, муаллимону таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи махсуси ношунавоёни рақами 8-и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Декани факултаи педагогика А.Ғаффоров доир ба омоданамоии мутахассисон барои макотиби махсус ва раванди таълими фанҳои вобаста ба кӯдакони дорои маҳдудиятҳои узвӣ изҳори андеша намуд. Мавсуф, ҳамзамон, таассуроташро аз сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Арманистон баён дошта, тазаккур дод, ки дар ин мамлакат барои беҳбуди шароити таълим ва зиндагии маъюбон корҳои зиёди шоистае анҷом пазируфтаанд ва моро низ мебояд, ки дар ин самт корҳоро тақвият бахшем. Б.Абдураҳим |