There are no translations available. Робитаи дӯстӣ бо Фаронса тавсеа меёбад Дар толори фарҳангии донишгоҳ 12-уми декабр конференсияи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои илмию адабӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид, ки дар он сафири Ҷумҳурии Фаронса Дидие Леруа, дотсенти кафедраи забонҳои романию германии ДМТ И.Раҷабова, дотсенти кафедраи назарияи тарҷумаи ДДЗТ ба номи С.Улуғзода А.Самадов ва дигар меҳмонони фаронсавӣ ширкат варзиданд.
Сафири Ҷумҳурии Фаронса Дидие Леруа оид ба робитаҳои Фаронса ва Тоҷикистон суханронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки пештар дар Тоҷикистон 3 муассисаи фаронсавӣ буд, ҳозир бошад, қариб 19 муассисаи фаронсавӣ кору фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳо 20-30 нафар тоҷик кор мекунанд, ки забони фаронсавиро хуб медонанд. Сафир мужда расонд, ки дар шаҳри Душанбе китобхонаи нави фаронсавӣ ташкил намуда истодаем, ки дар он 500 адад китоб бо забони фаронсавӣ вуҷуд дорад ва ояндаи наздик шумораи китобҳо зиёд хоҳад шуд. Дидие Леруа нақши забонҳои форсиву русиро дар ҷомеа баѓоят бузург арзёбӣ намуд. Ба андешаи ӯ, агар забони русиро омӯзем, бо 15 кишвар муошират карда метавонем. Ин забон пойдорандаи сулҳу ваҳдат ва дӯстии байни мамлакатҳо мебошад.
Парвина Абдуллоева |