• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

БАРГУЗОРИИ ЁДБУДИ ШОИР ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБ

7.jpg - 88.91 KbҲамасола 20-уми сентябр рӯзи мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ,  муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири муҳбуб Гулназар таҷлил мегардад. Ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи Гулназар дар рушди адабиёти тоҷик ва гиромидошти солрӯзи шоири шаҳир имрӯз гурӯҳи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар оромгоҳи мавзеи Лучоби пойтахтмаҳфили ёдбуд барпо намуданд.

Гулназар ба адабиёти тоҷик бо шӯру шавқ ворид гардида, дар муддати кӯтоҳ роҳи эҷоди вижаи худро пайдо кард,- иброз дошт зимни ифтитоҳи маҳфил номзади илмҳои филология Ҳамза Боқизода. Номбурда роҷеъ ба сабку услуб, мундариҷа ва шакли осори Гулназар фикрҳои бикр баён дошта, аз лаҳзаҳои мондагори рӯзгори шоир ва ҷойгоҳи Гулназар дар адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд.

Инчунин муҳаққиқи осори Гулназар, номзади илмҳои филология,  шоири тозапардоз Равшани Ҳамроҳ перомуни шеъри мудерни шоир назари худро нек баён намуда, шеъри дар сӯгвории устод Гулназар эҷоднамудаи худро қироат намуд, ки басо ҷолибу муассир аст:

Дареғу дард, дигар Гулназар нест,

Дигар устоди сар то по ҳунар нест.

Сафар мекард, бо мо дар раҳи сидқ,

Кунун бо мо рафиқи ҳамсафар нест.

Куҷо рафт, ин саҳар он шоири субҳ,

Сафо дар нағмаи мурғи саҳар нест.

Назар аз дидаи гулҳо парида,

Ба ман аз дидаи гулҳо назар нест.

Бигиряд килки ӯ дар дафтари хушк,

Кавири синаҳоро шеъри тар нест.

Бигирям зор дар хоки мазораш,

Вале аз гиряи зорам асар нест.

Пушаймон шав, аҷал, аз кардаи худ,

Ки умре синни ӯро мухтасар нест.

Нафасҳоям бипечад бо сурудаш,

Чаро гӯям, ки бо мо Гулназар нест?!

Шеъри Гулназар зангӯлаи худшиносӣ ва осори ӯ тулуъгоҳи худогоҳии миллӣ ба шумор меравад. Муҳимтарин нукта он аст, ки осори Гулназар ба воқеият тавъам буда, тасвирҳои шеъри ӯ самимиву заминиянд, реша бар умқи зиндагӣ доранд, ҳамболу ҳамрози мардуманд, амсоли:

Чу соҳилҳо дамидан ҳам ҳунар бод,

Ҷу шохи гул хамидан ҳам ҳунар бод!

Ҳунармандон ба қадри зар расиданд,

Ба қадри сар расидан ҳам ҳунар бод!.

З- ин рӯ, муҳаббати шоир дар дили халқ то абад решадор хоҳад буд. Ин матлабро академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ Саидмуроди Хоҷазод баён намуда, пешниҳод намуд, ки бояд оид ба мероси адабии шоир пажӯҳиши густурда сурат бигирад ва Гулназар ҳамчун драматург, рӯзноманигор, нависанда, филмноманавис ва мунаққид мавриди пажӯҳиш қарор гирад. Зеро маслаки ҳақнигорӣ, инсонгароӣ, ҷавонмардӣ, озодманишӣ, хирадгароӣ, дунёмеҳварӣ, арҷгузорӣ ба масоили умдаи башарӣ дар тору пӯди шеъраш танида аст, ки дар ҳама давру замон барои тарбияи насли шоистаи ҷомеа коромад хоҳад буд.

Дар ин чорабинии хотирмон устодону донишҷӯён аз осори шоир намунаҳо қироат намуда, пешниҳод карданд, ки минбаъд баргузории чунин маҳфилҳо ҷиҳати дар зеҳни насли наврас падид овардани ангезаҳои садоқат ба чеҳраҳои саршинос ва тақвияти худшиносии миллӣ бояд равиши дастаҷамъонаи тоза касб намояд.

Дар хотима аз ҷониби ҳозирин тамиз намудани манзили охирати аҳди адабу фарҳанг ва бузургмардони миллат сурат гирифт. Чунин амали солеҳ дар зеҳни ҳозирин афкори рангини ҳувияти миллиро бедор намуда, онҳоро барои анҷоми корҳои мондагор ба нафъи миллату меҳан раҳнамоӣ хоҳад кард.

Ғофил магузар ту аз китоби дили ман,

Аз розу ниёзу аз хитоби дили ман.

Аз шоири шӯридаи хомӯш пур аст,

Ин теппаи маҳзуни Лучоби дили ман.

 

1.jpg - 119.29 Kb 2.jpg - 102.44 Kb 3.jpg - 110.65 Kb

4.jpg - 79.99 Kb 5.jpg - 143.40 Kb 6.jpg - 109.40 Kb

7.jpg - 88.91 Kb 8.jpg - 92.09 Kb 9.jpg - 103.54 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj