• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Мулоқоти ректор бо сафири Фаронса

Ректори донишгоҳ А.Раҳмонов бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидие Леруа, ки барои иштирок дар конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 50-умин солгарди кафедраи забони фаронсавии донишгоҳ ташриф оварда буд, мулоқот кард. Зимни мулоқот Сарвари таълимгоҳ зикр намуд, ки ҳамкориҳои ду мамлакат хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Дар ин ҷода донишгоҳ низ мекӯшад, ки робитаҳои судмандро бо сафорат ва намояндагони он доир ба ташаккули забони фаронсавӣ ҳам барои омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён ба роҳ монад. Қайд гардид, ки айни ҳол дар факултаи забонҳои романӣ-германӣ бо дастгирӣ ва кӯмаки Президенти мамлакат лабораторияи нави замонавӣ аз нав бунёд гардид, ки ба донишҷӯён барои аз худ намудани забон мусоидат мекунад.

Ҷаноби Дидие Леруа аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар тақвияти гуфтаҳои сарвари донишгоҳ қайд кард, ки сафорат низ дар омӯзиши забони фаронсавӣ худро масъул меҳисобад. Бо ҳамин ҳадаф дар соли нави 2015 иҷрои нақшаҳои зиёд дар назар аст.

Сафир таъкид дошт, ки солҳои пеш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 3 муассисаи омӯзиши забони фаронсавӣ фаъолият дошт, ҳоло бошад, ин шумора ба 19 расидааст. Шумораи ҷавонон дар муассисаҳои фарҳангии забони фаронсавӣ бошад, ба 20 нафар мерасад. Боиси хушнудист, ки шавқи ҷавонон нисбат ба омӯзиши забони фаронсавӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

З.Назифова, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj