80 маърӯза ба муносибати 40-солагии кафедра Бо ташаббуси факултаи физика бахшида ба 20-солагии Конситутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии таъсиёбии кафедраи методикаи таълими физика зери унвони «Проблемаҳои муосири таълими фанҳои физикаю математика дар мактабҳои миёна ва олӣ» конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ багузор гардид. Дар ҳамоиш доктори илмҳои техникӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Ҳ.Маҷидов, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров И.Файзиев, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти ДМТТ «МИСиС» З.Низомов, муаллими калони кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав И.Гулаев, омӯзгори фанни физика дар литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷи Камол Д.Домуллоҷонов ва дигарон меҳмонон ширкат варзиданд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев сухан ронда, доир ба аҳамият ва моҳияти омӯзиши фанни физика дар замони муосир андешаҳои хешро ироа намуд.
Нурулло Салимов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи физика Фатҳуддин Раҳмонов, донишҷӯи соли 2-юми факултаи таърих |