• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ихтироъкорону навоварон дастгирӣ меёбанд

Бо ибтикори Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷӯён ва Маркази дастгирии донишҷӯён бо муҳассилини навовару ихтироъкор мулоқот доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ, ки Сиддиқ Муборак ҳамчун намояндаи қисми илмӣ ширкат дошт, ҷавонони болаёқатро барои ҳамкории густурда даъват намуд. Ӯ таъкид дошт, ки барои амалинамоии ҳар гуна лоиҳаи инноватсионӣ имконоти фаррох вуҷуд доранд. Чуноне мавсуф зикр кард, дар Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавонони навоварро дастгирӣ мекунанд ва барои такмили дониши онҳо тамоми шароитро фароҳам овардаанд.
Дар идома раиси Созмони ҷавонон С.Қувватов тазаккур дод, ки раёсати донишгоҳ омода аст, ки ҳар лоиҳаи инноватсионии донишҷӯёнро, ки ба манфиати таълимгоҳу ҷомеа мебошад, дар  амал татбиқ намояд. Аз ин рӯ, толибилмонро мебояд, ки аз чунин имкононоти мавҷуда самаранок истифода кунанд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш С.Қувватов лоиҳаи инноватсионии хешро ҳамчун намуна тавассути проектор рӯнамоӣ кард ва донишҷӯён вобаста ба он андешаҳояшонро иброз доштанд.

Ҷасур Раҳмонов, донишҷӯи факултаи технология ва соҳибкорӣ

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj