• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

НАШРИ КИТОБИ «ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» ДАР АСОСИ ҚОИДАҲОИ НАВИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

«Забони тоҷикӣ» (дастури таълимӣ-тахассусӣ барои донишҷӯёни равияи табиӣ ва риёзӣ) - чунин ном дорад китоби нави мудири кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод, ки ба тозагӣ интишор гардид. Китоб дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, № 268 тасдиқ шудааст, таълиф гардидааст.

Ба хотири вусъати бештари омӯзиши фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли ҷавон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Бо мақсади амалисозии ин тадбир ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин зарурияти тақозои таълим доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод тасмим гирифта аст, ки нахустин дастури таълимии “Забони тоҷикӣ”- ро барои донишандӯзони риштаҳои табиӣ ва риёзии донишгоҳ таълиф намояд.

Дастури таълимӣ-тахассусӣ фарогири грамматикаи забони тоҷикӣ, махсусан, имлои забони тоҷикӣ, матнҳо барои ихтисосҳои риштаи табиӣ- риёзӣ, пурсиш, машқу супоришҳои марбут ба мавзуъ, байтҳои пандуахлоқӣ мебошад, ки дар асоси усулҳои нави омӯзиши фани забони тоҷикӣ дар ҳамоҳангӣ бо ихтисосҳо навишта шудааст.

Китоб аз чаҳор боб иборат мебошад. Дар боби аввал оид ба “Мақоми забон дар ҷомеа, талаффуз ва имло” маълумоти мукаммал фароҳам омада, дар пешниҳоди мавзуъ ва пурсишу супоришҳо дидгоҳи нав мушоҳида мегардад. Қоидаҳои имло тарзи дурусти навишторро нишон медиҳанд, матнҳои тахассусӣ сатҳи дониши хонандаро боло мебаранд, супоришҳо ҷаҳони маънавии толибилмро ғанӣ мегардонанд, пораҳои шеърӣ савияи фикрро тақвият мебахшанд. Аксари матнҳо дастнахӯрдаанд, усули нави ифодаи маънои пораҳои шеърӣ ба ҷумлаҳо салиқаи баёни фикр бо матнро ташаккул ва нутқи хаттии донишҷӯро мураттаб мегардонанд.

Боби дуюм фарогири “Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” аст. Бо назардошти он ки дар қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аломатҳои китобат бо мисолҳои мушаххас асоснок шудаанд, айнан овардани онҳо зарур дониста шуда аст.

Ҳоло дар тамоми корхонаву муассисаҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Ба ин хотир, боби сеюм “Санаднигорӣ” ном дошта, хонандаро бо тарзи дурусти навишти ҳуҷҷатҳо шинос менамояд.

“Маводи ёрирасони дидактикӣ” унвони боби чаҳоруми китоб буда, матнҳои тахассусиро дарбар мегирад. Аз ин мавод метавон дар навишти корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ба таври васеъ истифода кард.

Бахши “Луғат” чанде аз вожаву истилоҳоти соҳавиро фарогир аст, ки дар раванди тадрис коромад хоҳанд буд.

Китоб барои устодон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ, коргузорон, пажӯҳишгарон, муаррихон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ ба ҳайси маъхази муътамад ва дастури муфид хидмат мекунад. Истифодаи он барои донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ аз манфиат холӣ нест.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj