• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

4 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сангинзода Ғайрат, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзода Маҳкам Ҷума, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нусратулло Маҳмудзода, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ Ҷамила Мусоҷонзода ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Баъдан зимни суханронии хеш мавсуф қайд кард, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва амсоли инҳо мебошад, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гаштаанд.

Сипас, меҳмонон доир ба бандҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj