• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАРҲИ ПАЁМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

17 феврали соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири бахши магистратураи донишгоҳ, н.и.с. Саодат Ахиева иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни баромади хеш оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла оид ба сиёсати ҷавонон, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҶТ ва амсоли инҳо ибрози ақида намуд. Ҳамчунин, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфиқори Раҷабалӣ доир ба Паёми Пешвои миллат сухан ронда, зикр кард, ки Паём дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар мебошад.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj