• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДДАОИ МОДАР

2 марти соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Сад ҷону дил фидои як муддаои модар” бахшида ба “Рӯзи бонувон” баргузор гардид. Конференсияро Маҳмудзода Нусратулло – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз бахшида, доир ба мақому манзалати зан - модар дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар сухан ронд. Сипас, Гулзод Маҳкам – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баромад намуда, иброз дошт, ки зан – модар нигоҳдорандаи чароғи ҳар як хонадон, илҳомбахши эҷодиёти шоирону мусаввирон, бастакорон ва умуман бақои зиндагии инсон аст.

Дар идома муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила баромад намуда, мақсад аз ташкил ва баргузории конференсияи мазкурро пеш аз ҳама эҳтиром ва пос доштани қадру манзалати зан – модар ҳисобид. Ҳамчунин Аминзода Манижабону – мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи И. Сомонӣ суханронӣ намуда, оид ба дастгириву ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувони кишвар ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми конференсия ба як қатор бонувони фаъоли донишгоҳ “Сипоснома” – ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  супорида шуд.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj