Хабарҳо |
Мулоқот бо директори АМАР 26 апрели соли 2022 директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон Алина Жумагулова ва намояндаи агентии мазкур Олга яновская ба донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дотсент Азам Байдуллоев мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ДДОТ ба номи С. Айнӣ, баррасӣ гардиданд. Инчунин ҷонибҳо масъалаи иштироки донишгоҳ дар рейтинги байналмилалӣ ва талаботҳои он мубодилаи афкор намуданд.
|